Сафири Тоҷикистон бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Лаҳистон вохӯрӣ кард
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов бо муовини Фармондеҳи генералии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Лаҳистон Гжегож Неметс мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни мулоқотҳо ҷонибҳо ҷараёни музокирот оид ба лоиҳаи созишномаи ҳамкориро, ки дар марҳилаи ниҳоии баррасӣ қарор дорад, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки ҳайати намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар даври музокироти мазкур ба шаҳри Варшава сафар намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






