Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Бахтовар Сафарзода бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ Герман Нурбаев мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дурнамои рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ, инчунин нақши Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар таҳкими механизмҳои ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон бо натиҷаҳои ислоҳоти Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тартиби фаъолияти он дар шакли нав, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Суд дар марҳилаи муосир шинос гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






