Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо ноиби калони президенти ширкати «LANXESS AG» Холгер Хюппелер мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ, аз ҷумла имкониятҳои густариши робитаҳо дар бахшҳои кимиё, логистика ва таъминоти саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Чонибҳо ҳамчунин атрофи иқтидори содиротии Тоҷикистон ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд ибрози назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки «LANXESS AG» яке аз ширкатҳои пешбари кимиёвии Олмон ба ҳисоб рафта, дар самти истеҳсоли маҳсулоти махсуси кимиёвӣ, маводи саноатӣ ва технологияҳои инноватсионӣ фаъолият дорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






