Сафири Тоҷикистон бо сармуҳаррири рӯзномаи «Ар-Раъй»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бинобар ба анҷом расидани фаъолияташ дар кишвари иқомат бо сармуҳаррири рӯзномаи «Ар-Раъй»-и Давлати Кувайт Валид Ал-Ҷосим вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, густариши муколама байни халқҳо, тақвияти равобит байни давлатҳо ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор карданд, ки дар ин хусус мақолае дар сомонаи ин рӯзномаи бонуфуз ба нашр расид. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки Зубайдулло Зубайдзода аз саҳми ин нашрия дар инъикоси воқеии рӯйдодҳо ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт изҳори қадрдонӣ кардааст.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки сафир ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар шаҳри Душанберо марҳилаи муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, онро натиҷаи талошҳо ва иродаи қавии роҳбарияти олии ду мамлакат донистааст.
Дар идома таъкид шудааст, ки расонаҳои касбӣ ва ҳирфаӣ дар таҳкими эътимод байни миллатҳо нақши муҳим дошта, аҳаммияти хабар на танҳо ба дурустии он, балки ба тарзи пешниҳоду замони нашраш низ, бахусус дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон вобаста мебошад.
Ҳамчунин сафир аз таҷрибаи тӯлонии фаъолияти дипломатияш дар Кувайт ёдовар шуда, таъкид намудааст, ки тақрибан 13,5 сол дар Давлати Кувайт фаъолият карда, барои муаррифии Тоҷикистон ва таҳкими ҳузури он дар ҷомеаи Кувайт талош варзидааст. Ба иттилои мавсуф, давоми солҳои охир бо талошҳои муштарак муносибатҳои ду мамлакат дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мардумӣ ба таври назаррас рушд намудаанд.
Дар қисмати поёни мусоҳиба сафир аз ҳамкории созандаи рӯзномаи «Ар-Раъй» бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки ин расона дар таҳкими муколама ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Кувайт саҳми назаррас гузоштааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






