Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 май вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Ҷарроҳ Ҷобир Ал-Аҳмад Ас-Сабоҳ ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Давлати Кувайт баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дуҷонибаро баррасӣ намуда, аз рушди пайвастаи робитаҳои Тоҷикистону Кувайт дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми беш аз се даҳсолаи муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат заминаи устувори ҳамкории мутақобили судманд ташаккул ёфтааст.
Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт зимни суҳбат аз фаъолияти пурсамар ва саҳми назарраси Зубайдулло Зубайдзода дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Кувайт, инчунин нақши ӯ ҳамчун дуайени корпуси дипломатии муқими Кувайт изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ӯ арзи сипос кард.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Давлати Кувайт барои дастгирӣ, ҳамкории судманд ва муносибати некашон дар давраи иҷрои вазифаи дипломатияш изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо Кувайт таъкид кард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






