Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро барои хонандагони Москва боз намуд

Май 2, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел гурӯҳи хонандагон ва омӯзгорони шаҳри Москва аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия боздид намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия.

Боздид дар доираи лоиҳаи «Чархи анъанаҳо» — Соли ваҳдати халқҳои Русия, ки аз ҷониби Президенти Русия Владимир Путин эълон гардида, ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои кишвар бахшида шудааст, баргузор гардид.

Дар рафти боздид ба хонандагон дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи бостонии он, фарҳанги куҳан ва ҳикмати халқӣ маълумот дода шуд.

Дар чорабинӣ ансамбли фолклории тоҷикии «Диёр» таҳти роҳбарии бадеии Мавзуна Ҳайдарова баромад кард.

Барои кӯдаконе, ки ватани таърихии онҳо Тоҷикистон аст, ин чорабинӣ барои эҳсос кардани робита бо мероси фарҳангӣ, адабиёт ва анъанаҳои ниёгон фурсати муносиб гардид.

Чорабинӣ нишон дод, ки сарфи назар аз гуногунии фарҳангҳо, мардуми Тоҷикистону Русия арзишҳои муштарак ва абадӣ, ба монанди дӯстӣ, меҳмоннавозӣ, эҳтиром ба калонсолон ва муҳаббат ба таърих доранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид