«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон (КВД БССТ) «Саноатсодиротбонк» дар озмуни «Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба занони соҳибкор» сазовори ҷойи сеюм дониста шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, озмун дар доираи фестивали «Саводнокии молиявӣ», ки 1 май дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки ташкилотҳои молиявию суғуртавӣ баргузор гардид, гузаронида шуд.
«Саноатсодиротбонк» ҳамчун бонки давлатӣ бо пешниҳоди хизматрасонии муосир, дастгирии соҳибкорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ, пайваста дар баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва рушди устувори низоми бонкӣ саҳми назаррас мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории фестивали «Саводнокии молиявӣ» ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, густариши хизматрасонии муосир ва таҳкими шаффофияти низоми молиявӣ мебошад.
АКС: КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






