Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад

Май 2, 2026 14:40

ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло сарбанди обгирии Деҳқонобод,  ки дар дарёи Панҷ бунёд гардидааст, дорои  имконияти танзим ва гузаронидани то 120 метри мукааб об дар як сония буда, дар таъмини обёрии 40 ҳазору 419 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва қисман ноҳияи Восеъ нақши калидӣ дорад.Чунин иттилоъ дода шуд зимни шиносоии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ин иншоот. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сарбанди Деҳқонобод   соли 1949 бунёд гардида, дар марҳилаи якум аз се дарвозаи обгирӣ иборат буд. Бо назардошти афзоиши талабот ба обёрии заминҳои кишоварзӣ соли 1972 иншоот таҷдид шуда, ду дарвозаи иловагӣ ба истифода дода шуд.

‎Таъкид гардид, ки нигоҳдории дуруст ва таҷдиди саривақтии чунин иншооти муҳими гидротехникӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ аҳамияти муҳим дорад. ‎

‎Барои таҷдиди иншоот ҳамкорӣ бо шарикони рушд ташкил шуда, барои баланд бардоштани самаранокӣ ва эътимоднокии фаъолияти он лоиҳаҳои муосир татбиқ карда мешаванд.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2026 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд