Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо якчанд дастовардҳои беназири сиёсиву илмӣ хотирмон аст. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 12 майи соли 2026 дар таърихи муносибатҳои байналмилалии мо саҳифаи наверо боз кард. Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Пекин – яке аз бонуфузтарин марказҳои илмию таълимии Осиё ва ҷаҳон боздид намуда, соҳиби унвони баланди профессори фахрӣ гардиданд. Ин рӯйдод на танҳо ифтихори илми тоҷик, балки муаррифии сазовори Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам намуда, сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро муваффақона амалӣ созад. Тавре Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ таъкид доштанд, имрӯз Тоҷикистон бо 186 давлати ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатӣ дорад. Дар ин миён Чин ҳамчун ҳамсояи наздику боэътимод ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, сатҳи ҳамкорӣ ба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки маҳз дар давраи истиқлолият илму маориф ҳамчун афзалияти сиёсати давлатӣ муайян гардида, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешқадам дар тарбияи мутахассисони ҷавон шинохта мешавад.
Қарори Шурои илмию таълимии Донишгоҳи Пекин дар бораи сарфарозгардонии Сарвари давлат бо унвони профессори фахрӣ, дар асл, инъикоси дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин эътироф бар пояи се рукни муҳим такя мекунад:
1. Ташаббусҳои глобалии сатҳи Созмони Милали Муттаҳид – маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон пешниҳодкунанда ва пешбарандаи қатъномаҳои муҳимми Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гардид.
2. Эҳёи мероси таърихии «Роҳи бузурги абрешим» – суханронии Пешвои миллат дар бораи «Номаҳои кӯҳна»-и суғдӣ ва бозёфтҳои хаттии қадимӣ дар девори бузурги Чин аз он шаҳодат медиҳанд, ки истиқлолият имкон дод, то саҳифаҳои таърихи пурифтихори халқи тоҷик дубора бозкушоӣ шаванд.
3. Дастовардҳои мушаххаси илмию таълимӣ – давоми 35 сол беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон донишгоҳҳои Чинро муваффақона хатм карда, ҳоло 40 ҳазор нафар дар 47 кишвари дунё таҳсил мекунанд, ки ин нишондиҳанда дар минтақа беназир аст.
Дар фазои тантанавии солгарди истиқлолият сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин ва сарфарозгардонии Роҳбари давлати мо бо унвони илмӣ амалан натиҷаи равшан ва мушаххаси рушди равобити дуҷониба мебошад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аъзои шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай гардида, дар 13 донишгоҳи мо забони чинӣ омӯзонида мешавад. Тасмим барои таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон, ки дар ҳошияи ин сафар ба имзо расид, шаҳодати эътимоди пайвастаи ҷониби Чин ба низоми маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ин ҳамкорӣ, махсусан дар бахшҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро дар масири саноатикунонии босуръат ва иқтисоди рақамӣ устуворона пеш мебарад.
Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи тайкардаи миллати тоҷик дар даврони истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат роҳи эҳёи илму фарҳанг, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва обрӯи ҷаҳонии давлатдории навини мост. Ин рӯйдоди муборак бори дигар собит менамояд, ки сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Роҳбари давлат дар бахши илму маориф кафили ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва тарбияи наслҳои нави дорои тафаккури ҷаҳонӣ мебошад.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ,
доктори илҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ — ДАСТОВАРДИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ФАРДОИ РАҚАМИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






