Сарвари давлат: «Дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст»
ДУШАНБЕ, 27.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ислом динест, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва маънавии инсон равона шуда, ҳадафи он ташаккули инсони солеҳу донишманд ва худшиносу накукор аст. Паёмбари ислом дар ҳадиси саҳеҳ таъкид намудаанд: «Ман фиристода шудам, то ахлоқи башарро комил гардонам». Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Қурбон.
Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки «ахлоқу одоби инсонӣ, дар навбати худ, аз саводу дониш ва маърифатнокиву худшиносии ҳар як инсон вобаста мебошад. Ин аст, ки дар Қуръони маҷид нахустин ояте, ки нозил шудааст, ба илму маърифат, яъне ҳидоят ба «хондан» бахшида шудааст».
«Каломи раббонӣ ба бандагони Худо 70 маротиба аз тоату ибодат паём додааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад ҳукм кардааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мақоми илму дониш ва маърифату саводнокӣ дар назди Худованд баландтар аз ҳар ибодат аст»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.
Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки «мардум бояд арзишҳои асили эътиқодиро аз таассубу хурофот фарқ кунанд ва ин кор ба инсон танҳо тавассути саводу маърифат ва илму дониш муяссар мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, дини мубини ислом мақоми илму донишро ҳамчун воситаи саодати инсон баланд муқаррар намуда, возеҳан эълом медорад, ки ба даст овардани илму маърифат ба ҳар фарди мусулмон – хоҳ зан ва хоҳ мард – фарз аст».
«Худованд дар каломи осмонии худ дар мавриди тарғиби илму дониш фармудааст: «Онҳое, ки медонанд (яъне саводу дониш доранд) ва онҳое, ки намедонанд (яъне саводу маърифат надоранд), баробар нестанд. Воқеан, вазифаи ҳама пайғамбарон ва ҷавҳари таълимоти ҳама динҳои ҷаҳонӣ низ ба роҳи саодат ҳидоят кардани мардум аз тариқи илму дониш ва ахлоқи ҳамида мебошад».- ёдрас шуданд Президенти мамлакат»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






