Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор мемонанд, ки ҷавононашон ватандӯсту огоҳ ва соҳибкасбу соҳибҳунар бошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад.
«Ҷавонон бояд бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ, эҷодкориву навоварӣ машғул шуда, ҳамзамон забонҳои хориҷиро омӯзанд ва ҷаҳонбинии илмии худро тавсеа бахшанд»,- таъкид намудандд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат ҳамчунин ҷавононро ба муқовимат ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ барои ҳифзи давлатдорӣ аҳаммияти муҳим доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






