Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсюй Дунъюй мулоқот намуд

Май 11, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо Мудири кулли ин Созмон Тсюй Дунъюй мулоқот намуд.

Ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони мазкурро баррасӣ карданд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки кишоварзӣ яке аз бахшҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ монда, рушди саноати миллӣ аз он вобаста аст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар иқтидори содиротии кишвар ҳиссаи назаррас дорад.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, ба таъмини низоми босуботи озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва масъалаи ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, инчунин, барои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ ҳавасмандии худро зоҳир намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 11 то 15 май Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Баррасии масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошад. Дар ҷаласа ҳамзамон таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид