САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид

Май 15, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар майдони Нишони давлатӣ бо иштироки масъулин ва волидон маросими бошукуҳи савгандёдкунии наваскарон доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамоиш рамзи садоқат ба Ватан-Модар ва омодагии ҷавонон ба ҳифзи марзу буми мамлакатро ифода намуд.

Таъкид гардид, ки савганди ҳарбӣ рукни муҳим буда, ҳар афсару сарбоз бо ёд намудани он минбаъд давоми хизмат тамоми вазифаю уҳдадориҳоро сарбаландонаю софдилона иҷро менамояд. Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан барои ободии Тоҷикистон, таҳкими амнияту субот ва пешрафти рӯзафзуни мамлакат кӯшиш намуда, қарзи фарзандияшонро дар назди Ватан – Модар ба таври шоистаю намунавӣ иҷро менамоянд.

Наваскарон бо нидои садоқат ба Ватан савганди ватандӯстӣ ёд намуданд. Ҳамчунин дар назди шаҳрвандон ва ҷавонони синни даъватӣ машқҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Май 15, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад