Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 майи соли равон дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Шоҳҷоизаи фестивал-озмун насиби гирандаи гранти президентӣ дар соли 2024 аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тарроҳ Шаҳноза Ахмедова гардид.
Шаҳноза Ахмедова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки беш аз бист сол аст ба ҳунармандӣ машғул буда, тайи даҳ соли охир ҳамзамон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият менамояд.
«Шабона дар беморхона ба беморони диабети қанд хизмат мерасонам, рӯзона дар коргоҳи дӯзандагиям ба кор машғул мешавам. Бисёриҳо мепурсанд, ки оё дар ду кор хаста намешавам ва аз куҷо барои ҳамаи ин вақт меёбам. Ба онҳо ҳамеша посух медиҳам, ки агар ба корат завқу рағбат дошта бошӣ ва онро бо муҳаббати беандоза ба анҷом расонӣ, ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос намекунӣ. Баръакс, самараи меҳнататро дида, илҳоми тоза мегирӣ, шод мешавӣ ва он ба ту неруи дигар мебахшад. Истифода босамари вақт ҳатто имкони истироҳат карданро ҳам бароят фароҳам меорад»,– мегӯяд Шаҳноза Ахмедова.
Ин ҳунарманди чирадаст дар тӯли фаъолияти корӣ беш аз 400 нафар шогирд омода намуда, барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия Маркази ҳунармандии чакан таъсис додааст.
«Мо бо шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия ҳамкорӣ дорем. Тибқи шартнома, ҳар ду моҳ 15 нафар занону духтаронро ба таври ройгон ҳунарҳои миллӣ омӯзонида, баъдан онҳоро бо ҷойи кор таъмин менамоем. Ман ба шогирдонам ҳамеша тавсия медиҳам, ки ҳунармандӣ аз кас сабр ва меҳанати зиёдро талаб менамояд. Тавре дар байни халқ мегӯянд, то меҳнати накунӣ, роҳат намебинӣ. Барои ҳунарро ба пуррагӣ омӯхтану дар ин соҳа ба дастоварҳо ноил шудан заҳмати зиёд кашидан лозим меояд. Баъдан, натиҷаи меҳнатаро дида, хушҳол мегардӣ»,– мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ҳунарманд ҳамроҳи шогирдонаш либосҳои миллӣ бо тарҳи замонавӣ, мизу курсӣ, мусаввараҳо, руйпӯшҳо, лӯхтакҳо, пойафзол ва либосҳои варзишӣ дар шакли миллӣ омода мекунанд.
«Имрӯзҳо, ки замони омехташавии фарҳангҳост, хуб мешуд, мардум аз анъанаҳои ҳунармандии аҷдодонамон огоҳ бошанд, бо сарчашмаи пайдоиш, тарзи истеҳсол ва истифодабарии он шинос гарданд. Дар эҳёву ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ саҳм гузоранд. Зеро рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанги он буда, дар навбати худ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодиёти кишвар, инчунин, ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамояд»,–андеша дорад тарроҳ-ҳунарманд.
Шаҳноза Ахмедова ҳамчунин соҳиби грантҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва президентӣ мебошад. Ӯ соли 2024 ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ гранти президентиро соҳиб шуда, бо ин маблағ барои коргоҳи дӯзандагии худ 12 адад мошини дарздӯзӣ, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ намудааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз маҳсули дасти ҳунармандони маркази онҳоро сокинон аз 18 шаҳру ноҳияи мамлакат харидорӣ менамоянд. Илова бар ин, онҳо ба хориҷи кишвар низ маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд.
«Занону духтарони тоҷике, ки дар хориҷи мамлакат зиндагӣ ва фаъолият доранд, маҳсули кори моро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ дида, фармоиш медиҳанд»,–иброз дошт ҳунарманд.
Мавсуф дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ беш аз 40 маротиба соҳиби ҷойҳо якум гардида, се маротиба сазовори Шоҳҷоиза шудааст.
Қаҳрамони мо дар оянда нақша дорад, ки фаъолияташро фаррохтар намуда, занону духтаронро бештар ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намояд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва Намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ соли якум аст, ки дар мамлакат баргузор гардид. Он беҳтарин намунаҳои ҳунари мардумӣ, либосҳои миллӣ ва санъати тарроҳии ҳунармандони тоҷикро гирди ҳам овард. Дар ин фестивал–озмун ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намунаҳои либосҳои миллӣ, чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуда, маҳсули дастони худро пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон намуданд.
Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» собит намуд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дорои рангорангӣ, зебоӣ ва арзишҳои беназир мебошад. Ҳифзу рушди он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»











20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид






