Шаҳноза Ахмедова соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» гардид

Май 7, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир гардид. Шоҳҷоизаи фестивал-озмунро тарроҳ Шаҳноза Ахмедова сазовор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюм, вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Инчунин ба иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар доираи фестивал-озмун инчунин аз ҷониби ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки барои иштирок дар намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ хамчун худпешбар ба тариқи паёмак ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, маҳсули ҳунармандӣ ба намоиш-фурӯш гузоштанд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки баргузории фестивал-озмун ва намоиш–фурӯш яке аз тадбирҳои муҳим дар самти гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзию зардӯзӣ дар матоъҳои ватанӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона равона гардидааст.

«Ҳадаф аз баргузор намудани ин фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад», — ёдовар шуд муовини Сарвазири мамлакат.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён намуд, ки фестивал-озмун дар 8 номинатсия дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ ва вилоятҳо гузаронида шуд.

Иброз гардид, ки бо мақсади муайян намудани беҳтарин тарроҳон, чакандӯзон, дизайнерон, эҷодкорон, зардӯзон, наққошон ва қаламкашону навқаламон ҳайати ҳакамони фестивал–озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи дизайнерон, Иттифоқи рассомон ва аз ҳисоби тарроҳон–дизайнерони касбии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳайати ҳакамон 2–3 май барномаи омоданамудаи театрикунонидашудаи вилоятҳо,  шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Раштро мавриди баҳогузорӣ қарор доданд. Аз барномаи омоданамудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтаринҳо интихоб гардиданд.

«Баргузории фестивал–озмун яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳанги миллӣ буда, ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ равона гардидааст», – иброз намуд раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ кашф ва эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.

Фестивал–озмун барои рассомон, дизайнерҳо, тарроҳон, ҳунармандон, чеварон, наққошон, қаламкашон ва ҳар нафаре, ки зебоӣ ва сарвати фарҳангии ҳақиқиро қадр мекунад, фазои илҳом, муколама ва имконияти нав муҳайё месозад. Зеро мақсади асосии он ҳифз ва рушди мероси фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ, оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мебошад.

Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» бори дигар собит намуд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дорои рангорангӣ, зебоӣ ва арзишҳои беназир мебошад ва ҳифзу рушди он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Зеро Тоҷикистон кишваре аст, ки дар он таърихи расму оинҳо бодиққат ҳифз гардида, онро ба санъати муосир ва ифтихори миллӣ табдил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии маҳал,  либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ, беҳтарин либоси миллии атласу адрас, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ порадӯзӣ, читгарӣ, шоҳӣ, атласу адрас, гулбасту алоча, гардӣ, тоқиву ҷӯроб, шероз ва ресмонбофӣ, беҳтарин қаламкаш, беҳтарин навори видеоӣ (ролик аз фаъолияти тарроҳ-ҳунарманд, ки дар фестивал озмун иштирок мекунад), муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.

Фестивал–озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ соли якум аст, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст гузаронида шуд.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 7, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар шаҳри Бохтар расонида шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ–амалӣ доир шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
6 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дар ноҳияи Ёвон корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд
«ТОБИСТОН-2026». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодасозии истироҳатгоҳҳои тобистона доир гардид
Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
Кумакҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб расонида шуданд
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
5 май дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст