Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания бо иқомат дар шаҳри Женева Шараф Шерализода аз 27 то 30 апрел дар доираи сафар дар шаҳри Барселона бо як зумра намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода дар мулоқот бо роҳбарияти Ассотсиатсияи корхонаҳои байналмилалии саноатии Испания (AMEC) оид ба самтҳои муҳими саноатии кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод карда, ташкили ҳамкории мутақобили судмандро барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ намуд.
Дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания Шараф Шерализода бо роҳбарияти ширкати «Roca Group» ҷонибҳо оид ба фазои сармоягузорӣ ва бозори саноатии Тоҷикистон табодули афкор намуда, барои ташкили ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Шараф Шерализода инчунин бо муовини директори Агентии давлатии Испания оид ба содирот ва сармоягузорӣ (ICEX) Патрисия Хименес мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо имконияти ташкили ҳамкорӣ ва барқарор намудани алоқаи доимиро байни мақомоти марбутаи Тоҷикистону Испания дар самти савдо, содирот ва сармоягузорӣ, инчунин ташкили чорабиниҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
30 апрел роҳбари намояндагии дипломатӣ Шараф Шерализода бо Директори генералии “Маркази Осиё (Casa Asia)” — и Испания Хосе Пинтор Агилар мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо зимни мулоқот барои ташкили ҳамкорӣ ва танзими сафари роҳбарияти Марказ ба Тоҷикистон ибрози ҳавасмандӣ намуда, дар мавриди ташкили чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисод, маориф ва фарҳанг андешаронӣ карданд.
Ниҳоди мазкур яке аз платформаҳои муҳими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ба ҳисоб рафта, аз соли 2001 инҷониб ба таҳкими робитаҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо Испания мусоидат менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд






