Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 апрел то 2 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026 (BITF 2026)» иштирок намуда, гӯшаи миллии мамлакатро муаррифӣ карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд.
Дар ин намоишгоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ширкатҳои пешсафи соҳаи сайёҳӣ намояндагӣ карданд. Дар доираи намоишгоҳ иқтидори сайёҳии мамлакат, мероси ғании таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосир ва маҷмуи васеи маҳсулоти сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷараёни намоишгоҳ масъалаҳои пешбурди самтҳои сайёҳӣ дар бозорҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва сайёҳӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди сайёҳии экологӣ ва кӯҳӣ, ташаккули масирҳои нав ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ зоҳир гардид.
Дар доираи чорабинӣ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ якчанд мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, дурнамои ташкили ҳамкории шарикӣ ва густариши ҳамкориро баррасӣ карданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои намоишгоҳ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «BITF 2026» ба пешбурди минбаъдаи иқтидори сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, густариши робитаҳои корӣ ва азхудкунии бозорҳои нав мусоидат намуда, аҳамияти намоишгоҳро ҳамчун платформаи муассир дар соҳаи сайёҳӣ бори дигар тасдиқ намуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






