Ширкати «IRS» дар 320 километр роҳ навсозӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «IRS» дар мавсими имсола нақша дорад, ки дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд бо харҷи зиёда аз 26 ҳазору 342 тонна асфалт зиёда аз 50 километр роҳро таъмири куллӣ намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати «IRS» хабар доданд.
Ширкат ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки дар масофаи 320 километр хатҳои уфуқиро барқарор намояд.
Ба иттилои манбаъ, давоми 16 сол ширкати «IRS» нигоҳдорӣ ва навсозии 36 пулро дар ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ намуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра навсозӣ карда шуданд.
Инчунин дар роҳи Душанбе — Чанок барои таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16 ҳазор метри тӯлонӣ деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) бунёд карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият давоми 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағзишу дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинишуда, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ҳолати роҳи Душанбе – Чанок ҷавобгӯи талабот бошад. Маҳз дар ин замина нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок ба марҳилаи сифатан ворид гардида, назари мардум дар бобати нигоҳдории роҳ такмил ёфт.
Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок қариб 400 000 тонна асфалт харҷ шудааст. Ба ибораи дигар, бо асфалте, ки «IRS» давоми 16 соли фаъолият барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок харҷ кардааст, бунёди боз як шоҳроҳи нави ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ имконпазир аст. Ба таьмиру таҷдиди ин роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаю механизмҳои замонавӣ ҷалб карда шудаанд.
АКС: Ширкати «IRS»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






