Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд

Май 23, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот инчунин таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳифзи сарҳад, муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо зоҳир гардид. Илова бар ин, иштирокдорон аҳаммияти идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштаракро дар минтақа таъкид карданд.

Сафирони давлатҳои иштирокчии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи шарикӣ бо Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак, ки ба таъмини субот ва рушди устувор равона шудаанд, изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд