Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»

Май 1, 2026 19:26

ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти таҳкими худшиносии худогоҳии миллӣ (2026) беш аз пеш меҳнат намуда, дар раванди корҳои ободонию созандагӣ саҳми муносиб мегузоранд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар иртибот ба вусъати корҳои ободонӣ собиқадори хизмати давлатӣ, олими исломшинос Тоҳир Рашид дар таъмиру мумфаршкунии роҳи зодгоҳаш, деҳаҳои Чангоб-Искич-Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор саҳми муносиб гузошта, ҳамчунин барои бунёди пули байни деҳаҳои Кафшдӯзон, Тахт ва Нилу бо дастгирии шогирдону дӯстон беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ ва ба бунёди ин иншооти муҳим равона намуд.

Инчунин бо ташаббуси Тоҳир Рашид пайваста бо сокинони деҳаҳо вохӯрӣ гузаронида шуда, дар он оид ба пешравию комёбиҳо, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас, бахусус субот, муттаҳидӣ ва ваҳдати миллӣ, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, табодули назар карда мешавад. Бунёд ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, ки пайвандгари наслҳову асрҳо мебошад, ҳамчун амали хайр ва муттаҳидкунандаи мардум маънидод мегардад.

Тоҳир Рашид беш аз 10 сол дар вазифаи масъули хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ӯ муаллифи 10 китоб, 6 рисола ва зиёда аз 30 мақола оид ба масъалаҳои мубрами рӯз дар масъалаи дин ва ҷомеа мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки аснои иҷрои хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид ба масъалаи татбиқи қонунгузории миллии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва корҳои ободонӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, имрӯз бошад ҳамеша ба оилаҳои ниёзманд кумак мерасонад ва дар корҳои хайри ободонию бунёдкории зодгоҳаш саҳми муносиб мегузорад. Дар давраҳои фаъолият дар хизмати давлатӣ барои омӯзиш ва мубодилаи таҷриба ба зиёда аз 20 давлат, аз ҷумла Амрико, Чин, Эрон, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва ғайра сафар кардааст. Созмони Робитаи олами ислом дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ ба Тоҳир Рашид унвони баландро дар илми диншиносӣ сазовор донистааст ва номбурда дар масъалаи дин рисолаи илмӣ ҳимоя карда, сазовори номзади илм гардидааст.

Тоҳир Рашид имрӯз давлати пирӣ меронад ва чун одати фитрӣ худро аз ҷомеа дур гирифта наметавонад. Доимо дар байни мардум аст ва барои ободонии зодгоҳаш- деҳаи Нилу саъю талоши зиёд менамояд. Ин аст, ки ҳар ҷое сухан аз дини ислом меравад, зиндагии бе хурофот, риояи талаботи қонуни танзим, дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад, ҳимоя ва ободонии Ватанро на танҳо қарзи ҳар мусулмон, балки ибодат дониста, эҳтиром ба арзишҳи миллӣ — парчам, забон, таърих ва фарҳангро муқаддас меҳисобад.

Тоҳир Рашид таъкид менамояд, ки тамоми динҳо, аз ҷумла ислом инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии осоишта, пойдории давлат ва ҳифзу ободии Ватан, сулҳу оромӣ, ваҳдату бародариро, ки кафили зиндагии босаодат маҳсуб мешаванд, талқин менамоянд.

Май 1, 2026 19:26

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат навсозӣ карда мешавад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид