Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад

Май 7, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак  зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода  бо намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо роҳбарии Карсон Релитс Рокер   баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар вохӯрӣ иброз  гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ сол то сол беҳтар гардида, содироти маҳсулот мунтазам афзоиш меёбад. Аз вилоят ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Амрико  маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ содирот мегардад.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори обрасонӣ, рушди боғҳои интенсивӣ ва истифодаи неруи офтобро баррасӣ намуданд. Карсон Релитс Рокер омодагии Амрикоро барои тавсеаи ҳамкорӣ ва ҷалби сармоягузорон иброз намуд.

Дар фарҷом меҳмонон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2026» даъват гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 7, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд