Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 24.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён бештар ба чорводориву кишоварзӣ шуғл дошта, бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Хоҷагии деҳқонии «Орзу» 6,8 гектар замин дошта, ба кишту парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ машғул мебошад. Аз ҷумла, дар 1 гектар гармхонаи доимамалкунандаи муосир фаъолият мекунад, ки дар он ҳоло ҷамъоварии ҳосили помидор идома дорад.
Дар суҳбат роҳбари хоҷагии номбурда Шаҳноза Абдураҳмонова иброз дошт, ки “муддати ҳафт сол аст ин гармхонаро ташкил кардем, ки дар як сол ду маротиба аз ин ҷо ҳосил рӯёнида мешавад. Аввалан ҳосили помидор ҷамъоварӣ карда шуда, сипас бодиринг шинонида мешавад, ки то моҳи октябр ҳосил медиҳад».
-Баъд аз ҷамъоварии бодиринг замин каме дам мегирад ва барои қувватнокии он ғизоҳои зарурӣ дода мешаванд. Пас аз нимаи моҳи декабр ниҳолони помидор, ки дар гармхонаи махсус ва қуттиҳо парвариш карда шудаанд, ба гармхона гузаронида мешаванд. Дар гармхона системаи гармидиҳӣ тавассути об кор мекунад, байни ҳар қатораи зироат лӯлаҳои гармидиҳанда гузаронида шудаанд, ки дар нашъунамои ҳосил кумак мерасонанд. Зироат бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад, -афзуд Шаҳноза Абдураҳмонова.
Сокинони ноҳияи дурдасти Қубодиён изҳори хушнудӣ менамоянд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат бобати беҳбудӣ бахшидани рӯзгори сокинон имрӯз имконияту шароити созгор фароҳам оварда шудааст, ки бо замин сару кор дошта бошанд, яъне замин дар ихтиёри деҳқон аст.
-Истифодаи оқилонаи он яке аз василаҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини захираи хонаводагӣ ва дар ин баробар фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти босифати ватанӣ кафолат медиҳад. «Мо кишоварзон имрӯз талош менамоем, ки бо маҳсулоти истеҳсолнамудаамон дар фаровонии дастурхони ҳар сокини мамлакат нақши шоиста дошта бошем», — тазаккур дод Шаҳноза Абдураҳмонова.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






