Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд

Май 12, 2026 15:18

РАШТ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ватандӯсти ноҳияҳои минтақаи Рашт барои дастгирии оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб иқдоми хайрхоҳона ва инсонпарваронаро пеш гирифта, ба онҳо маҳсулоти хӯрокворӣ ва сохтмонӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мардуми минтақаи Рашт ҳамеша дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ба нишонаи ҳамдилию ҳамбастагӣ ва дастгирии якдигар дар лаҳзаҳои душвор паҳлуи ҳамватанон қарор мегиранд.
Ин иқдом нишонаи эҳсоси масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати сокинони мамлакат буда, бори дигар фарҳанги баланди инсондӯстии мардуми тоҷикро собит месозад.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1 май бар асари бориши шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ–обхезӣ ва сел ба амал омада, бархе кӯчаю маҳаллаҳо зарар диданд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши табиӣ, мутаассифона, се сокини шаҳр фавтида, се нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ гардиданд.

Бар асари ин офати табиӣ ҳамзамон ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон, роҳҳо, инфрасохтори шаҳрӣ ва дигар иншоот зарар расидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 12, 2026 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад