Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт

Май 7, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 07.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ кардаанд, қабул намуд.

Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт.

Барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад. Давлате, ки дар арсаи байналмилалии футбол муқтадир нест, бо пешниҳоди худ ҷашни ҷаҳониеро асос гузошт ва миллиардҳо нафарро дар саросари дунё муттаҳид намуд.

Иштироки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол

22 майи соли 2025 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон  фаротар аз ҷоизаҳо ва мусобиқаҳо, баробар ба  арзишҳое, чун эҳтиром, устуворӣ, ҳамгироӣ ва сулҳ аст.

«Рӯзи ҷаҳонии футбол  ҳар яки моро  водор месозад, то аз шодие, ки ин намуди варзиш ба ҳаёти мо меоварад, истиқбол карда, нақши онро дар пешбурди ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид эътироф намоем. Моро зарур аст, то кафолат диҳем, ки ҳар кӯдак, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ дорад, имкони бозӣ карданро дошта бошад», -изҳор доштанд муҳтарам Рустами Эмомалӣ.

Рушди футбол дар Тоҷикистон

Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст.

Бояд гуфт, ки таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Футбол чӣ гуна бозӣ аст?

 Футбол навъи варзиши даставӣ аст, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад. Дар айни замон он аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам мебошад.

Футбол яке аз бозиҳои варзишии қадимӣ мебошад, ки дар асрҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ҳисоб шуда, солҳои охир ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқаи байни дастаҳои занонаи футбол низ дохил карда шудааст.

Қоидаҳои бозии футбол аз чӣ иборатанд?

Қоидаҳои кунунии футбол аз 17 боб иборат буда, ҳама ҷабҳаҳои бозӣ- аз тарзи рангкунии майдони футбол то ҷазои бозингарон барои бозии номашруъро дар бар мегиранд. Ба дурустии иҷрои қоидаҳои бозӣ дар майдон ҳайати доварон назорат мекунад. Дарвозабон, бешубҳа, як бозингари беназир дар майдон аст. Вай дар тан либоси беназире дорад, посгоҳро посбонӣ мекунад ва тӯбро бо дастонаш дар дохили майдони ҷаримавӣ идора мекунад.

Як бозии футбол аз ду давр (тайм)-и 45-дақиқагӣ иборат аст. Дар танаффуси байни таймҳо дастаҳо дарвозаҳояшонро иваз мекунанд.

Футболро дар майдони бо алафи табиӣ ё сунъӣ пӯшидашуда бозӣ мекунанд. Дар бозӣ ду дастаи 11-нафара иштирок мекунад. Як бозингар — дарвозабон метавонад бо даст дар майдончаи ҷаримавӣ тӯбро нигоҳ дорад. Вазифаи асосии ӯ ҳимояи дарвоза мебошад. Дигар бозингарон низ вазифа ва мавқеи худро дар майдон доранд. Ҳимоятгарон дар қисми майдони худашон меистанд, вазифаи онҳо — нагузоштани ҳуҷуми ҳарифон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад