Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
ЁВОН, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Ҷамоати шаҳраки Ёвон бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ёвон барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ намоиши ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ёвон Аҳлиддин Раҳимов иттилоъ дод.
Дар намоиш аз ҷониби 6 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои саноатӣ 91 ҷойи кори холӣ пешниҳод карда шуд. 42 ҷойи кор ба соҳаи саноат, 25 ҷойи кор ба соҳаҳои маорифу фарҳанг, коммуналию кишоварзӣ ва 24 ҷойи кор ба дигар соҳаҳо рост омад. Дар намоиш 13 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, 15 нафар роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин 35 нафаре, ки касбу ихтисос надоштанд, ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Бояд гуфт, ки давоми соли 2026 дар ноҳияи Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор карда шуд. Дар он 45 корхонаи саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок намуда, 560 ҷойи кори холӣ ба сокинон пешниҳод карда шуд. Дар ин намоишҳо 91 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, ба 102 нафар роҳхат дода шуд. Инчунин 293 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардид.
Давоми чор моҳ дар умум 46 зан ва 49 ҷавон бо кор таъмин шудаанд.
Директори филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Ёвон Қурбоналӣ Солиев иброз дошт, ки «давоми 4 моҳи соли равон дар асоси барнома ва ҳамкорӣ бо шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон аз ҳисоби шаҳрвандони бекоре, ки дар қайди мақомоти шуғл буданд, 120 нафарро ба касбомӯзӣ ҷалб намудем.
Инчунин тавассути худмаблағгузорӣ 81 шаҳрванд ва муҳоҷири меҳнатӣ ба қайд гирифта шуда, аз даврҳои омӯзишии якмоҳаи кафшергарӣ, барқчӣ, челонгари таъмири автомобил, дӯзанда ва сохтмончӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд. Дар самти валидатсия, яъне шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ давоми 4 моҳ 85 нафар шаҳрвандоне, ки ба давлатҳои Аврупо ва дагар давлатҳо барои фаъолият мераванд, мувофиқи дархосташон аз рӯйи касбҳои коргарӣ сазовори шаҳодатномаи касбӣ гардиданд».
Дар маҷмуъ филиали Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар ноҳияи Ёвон сокинони се ноҳияро аз рӯйи 36 касбу ихтисоси гуногун ба омӯзиши касб ҷалб менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






