СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2026-ро Соли байналмилалии занони хоҷагидор эълон намудааст. Ин сол бо назардошти аҳамияти нақши занони деҳқон дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди кишоварзӣ ва коҳиши камбизоатӣ қабул карда шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳолати 1 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон 52 ҳазору 796 хоҷагии деҳқонӣ таҳти роҳбарии занон фаъолият доранд. Онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муассир доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии барномаҳои давлатии рушди деҳот ва дастгирии занон дар самтҳои гуногун кӯшиш дорад, ки шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳоро беҳтар намояд.
Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занони тоҷик дар баробари мардон чун роҳбари фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускор ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат фаъолият доранд.
Занони хоҷагидор дар баробари соҳибкорӣ ҷойи нави кор таъсис дода, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамоянд. Онҳо на танҳо нигоҳдорандаи оила, балки истеҳсолкунандагони фаъоли маҳсулоти кишоварзӣ низ ҳастанд. Бо таъмин намудани шароити мусоид ва дастгирии ҳамаҷониба метавонанд ба яке аз қишрҳои калидии рушди устувори деҳот табдил ёбанд.
Арҷгузорӣ ба фаъолияти занони деҳот ва эътирофи саҳми онҳо дар ҷомеа бозгӯйи таваҷҷуҳи давлат ба нақши созандаи занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди мамлакат мебошад.
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» амал менамояд. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон, зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.
Дар доираи барномаҳои давлатии рушди деҳот ва кишоварзӣ барои баланд бардоштани малакаҳои идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар байни занон бештар машғулияти омӯзишӣ гузаронида мешавад.
Рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомонӣ буд, соли 2024 он 5 миллион сомониро ташкил дод. Инак соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд. Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол барои 200 нафар занони ҳунарманду соҳибкор ба андозаи 15 миллион сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст, ҷудо карда мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ин грант роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ лоиҳаҳое пешниҳод менамоянд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ (11-15 май) бо таваҷҷуҳ ба он ки соли 2026 Соли байналмилалии занони хоҷагидор эълон карда шудааст, дар шаҳри Душанбе чорабинии махсус оид ба таҳкими ҳуқуқу имконияти занон дар деҳот ва нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии чорабинии махсус аз ҷашн гирифтани Соли байналмилалии занони хоҷагидор (2026) бо намоиш додани равишҳои дурнамо ва таҷрибаи пешқадами занон-хоҷагидорони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, дар заминаи имконоти марбут ба ташаббусҳо оид ба рушди био-иқтисоди устувори даврагӣ иборат буд.
Баргузории он ба занон имкон дод, ки дар бораи вазъи воқеии пешбурди хоҷагии деҳқонӣ маълумот дода, эҳтиёҷоти худро баён намоянд ва дар бораи мушкилоте, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, суҳбат кунанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Тоҷикистон ва Беларус ҳамкории зиддикоррупсиониро тақвият мебахшанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва иқлим дар «Eco Expo Central Asia 2026» муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи вазирони саноати давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд
ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Ба Ватан баргардонидани пораи хоки оромгоҳи қаҳрамонон далели он аст
Сардори Хадамоти алоқа дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуд
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ: СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Масъалаи таъсиси Маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» баррасӣ шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми ҳакатони минтақавии «Ҳалли сабз ва рақамӣ барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» доир гардид






