СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад

Май 16, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи офтобии  ноҳияи Ашти вилояти Суғд идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт дар 750 гектар бунёд шуда, ба таъмини зиёда аз 115 ҳазор хоҷагӣ бо неруи барқ равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки бо афзоиши талабот ба неруи барқ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин лоиҳаҳои муҳими стратегӣ амалӣ шуда, дар рушди низоми энергетикии мамлакат нақши муосир доранд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон ва техникаҳои зарурӣ тибқи нақша идома доранд.

Иброз гардид, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи энергетика ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи босифат сохтмони неругоҳ мутобиқ ба нақша идома дорад. Амалисозии ин тадбири муҳим имкон фароҳам меорад, ки сокинони ноҳия, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бо барқи хушсифат таъмин гарданд.

Дар шароити имрӯза, ки таъсири тағйирёбии иқлим бештар эҳсос мегардад, бунёди неругоҳҳои офтобӣ нишонаи равшани таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба истифодаи энергияи «сабз» ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 16, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд