Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст

Май 10, 2026 14:00

БАЛҶУВОН, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» амалӣ гардида истодааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон хабар доданд.

Дар доираи 300 рӯзи ободонӣ,   дар рӯзҳои истироҳат бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон дар маркази ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва шоҳроҳи Кангурт–Балҷувон–Ховалинг ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд. Аз ҷумла,  зимни гузаронидани ин ҳашарҳо ду канори роҳ аз даромадгоҳи ноҳия то марказ,  дар масофаи беш аз 10 километр тоза ва ниҳолҳо ба тартиб дароварда шуданд.

Сокинони деҳаи Некмардони Ҷамоати деҳоти Сафобахш дар доираи корҳои созандагӣ роҳи деҳаро аз шоҳроҳи асосӣ то маркази деҳа ҳамвор ва сангфарш намуданд.  Барои босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои роҳсозӣ техникаҳои муосир ва мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Балҷувон  ҷалб гардидаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин роҳ мушкили сокинони ду деҳа дар рафту омад ба маркази ноҳия ва дигар самтҳо осон хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад