СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шитами Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғ бунёд гардид. Дар боғ беш аз 4000 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз қабили себу зардолу, шафтолу, олу, олуболу шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 низ дар ин мавзеъ боғ бунёд гардида, ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст. Айни замон нисфи ниҳолҳои шинонида нашъунамои хуб доранд. Дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғ картошка, сабзӣ, ҷуворимакка ва дигар зироати ба иқлими минтақа мутобиқ парвариш меёбад. Бо афзоиши масоҳати боғ дар ин мавзеъ на танҳо симои табиии деҳа беҳтар мегардад, балки барои сокинон имконияти истифодаи меваи тару тоза ва ташкили ҷойи нави кор низ фароҳам меояд.
Дар ноҳияи Шуғнон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии кабудирзоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» майдони боғот сол ба сол васеъ гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи «Барномаи давлатии кабудирзоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҷумҳурӣ ҳудуди ду миллиард дарахт шинонида шуда, мамлакат ба кишвари «сабз» табдил дода мешавад. Ин тадбири Ҳукумати Тоҷикистон ба сарсабз нигоҳ доштани як гӯшаи сайёраи Замин дар шароити равандҳои тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






