«Somon Air» ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 дастрас менамояд

Май 19, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» тасмим гирифтааст, ки тобистони соли 2026 ҳавопаймоҳои нави тамғаи Boeing-737 MAX 8 дастрас намуда, ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» иттилоъ медиҳад.

Дар иртибот ба ин роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» бо намояндагони ширкати Boeing масоили омодагиро барои ба истифода додани ҳавопаймоҳои нави Boeing 737 MAX 8-ро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин масоили калидии марбут ба истифодаи ҳавопаймоҳои нав, инчунин маҷмуи тадбирҳоро барои баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва беҳтар намудани фаъолияти ширкати ҳавопаймоӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта шуд, ки васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониро ба мусофирон беҳтар намуда, шабакаи хатсайрҳояшро васеъ намояд ва мавқеи худро дар бозори минтақавии авиатсияи гражданӣ таҳким бахшад.

АКС: «Somon Air»

Май 19, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд