Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба масъалаҳои рақамикунонӣ муҳтавои «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муаррифӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода доир шуд. Дар он сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло «Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040»–ро муаррифӣ намуда, ҳадафу афзалияти калидии онро шарҳ дод.
Иброз гардид, ки стратегия ба фарогирии умумии интернети баландсуръат, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои алоқа, тавсеаи шабакаҳои насли нав ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои рақамӣ дар тамоми манотиқи мамлакат равона шудааст.
Гуфта шуд, ки татбиқи босамари он ҳамчун заминаи калидӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ, густариши ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ хизмат хоҳад кард.
Дар баробари ин, рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ омили ҳалкунанда барои суръат бахшидани раванди рақамикунонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ гардид.
Дар охир шарикони рушд барои дастгирии амалисозии ин стратегия ва густариши ҳамкории мутақобили судманд дар самти рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






