Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон имконияти бузурги таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Осиёи Ҷанубиро бо барқи «сабз» дорад»

Май 25, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар доираи баргузории Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» Форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз намуд, ки ҳадафи асосии форум ҷалби сармояи бахши хусусӣ барои рушди инфрасохтори соҳаи об мебошад.

«Мубоҳисаҳое, ки дар доираи ин форум ташкил карда шуданд, маҳз ба дарёфти роҳҳои нави ҷалби сармояи бахши хусусӣ барои рушди инфрасохтори об равона гардидаанд. Дар доираи форум коршиносон бо намояндагӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои молиявӣ ҷамъ гардида, ба хотири дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва ҷалби сармояи бахши хусусӣ тавассути роҳҳои гуногун мубодилаи афкор анҷом медиҳанд», -афзуд раиси кумита.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода, соли 2025 қонуни нав «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ»-ро қабул намуд. Дар айни замон лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи Консепсияи об ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таҳия гардидааст, ки дар Ҳукумати мамлакат мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Интизор меравад, ки бо қабули ин қонун роҳҳои нави рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, зимни форум дар бораи ҳамкории минтақавии фаромарзӣ сухан гуфтем, зеро ҳама давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар хушкӣ маҳсуб мешаванд, ки метавонанд дар ҳалли масоили мавҷуда ва ҷалби сармоя муташаккилона саҳм гузоранд», -гуфт Султон Раҳимзода.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамешагӣ пайрав ва талабгори беҳтар шудани ҳамкории фаромарзӣ бо давлатҳои минтақа, хусусан тавассути татбиқи лоиҳаҳои бузург аст, ки метавонанд давлатҳоро ба ҳам оранд. Намунаи барҷастаи ин лоиҳаҳо татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки бо назардошти доштани хусусияти минтақавӣ на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Осиёи ҷанубиро метавонад бо неруи барқи «сабз» таъмин намояд.

«Неругоҳи барқи обии «Роғун» метавонад барои ба таври устуворона ва дарозмуддат идора кардани захираҳои об, коҳиш додани партофти газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера кумак кунад. Аз ин хотир қариб ҳама созмонҳои байналмилалии молиявӣ ё институтҳои байналмилалии молиявӣ имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои татбиқи лоиҳаи мазкур дастгирӣ карда истодаанд»,-илова кард ҳамсуҳбати мо.

Султон Раҳимзода изҳори умедворӣ намуд, ки Форуми сатҳи баланд оид ба сармоягузорӣ таҳти унвони «Сафарбаркунии сармоягузориҳои хусусӣ ва маблағгузории инноватсионӣ барои инфрасохтори об дар кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» метавонад тавсияҳое пешниҳод кунад, ки дар оянда ба давлатҳои дар хушкӣ қарордошта барои ҷалби сармоя аз бахши хусусӣ бобати рушди инфрасохтори об мусоидат намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»