Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 1 май вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Мэтю Гартнер баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, мукаммалгардонии низоми дурнамосозӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2026 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар суръати рушди иқтисоди миллӣ 8 фоизро ташкил дод.
Мэтю Гартнер устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистонро дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ солҳои охир рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи баланд таъмин мегардад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






