ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 27, 2026 08:00

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пйер Роттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд. Жан Пйер Ротт изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Швейтсария ба гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ дохиланд ва пайваста аз манфиатҳои ҳамдигар пуштибонӣ менамоянд.

***

27 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Ахметовро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуданд.

***

27 майи соли 2013 пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти вақти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев даҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

27 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн рафтанд.

***

27 майи соли 2014 бо иштироки  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт  ба истиқболи  20- солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

27 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Бобои Алимардон» шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзуъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду давлат дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

27 МАЙ:

Рӯзи байналмилалии маркетинг.

***

Рӯзи ҷаҳонии сусмор.

***

Дар Федератсияи Русия – Рӯзи китобхонаҳо.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

27 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

***

 27 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ифтитоҳ гардид.

***

27 майи соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз намуд.

***

Соли 2015  Осоишгоҳи «Зумрад» -и шаҳри Исфара  дар «Конвенсияи байналмилалӣ оид ба сифат дар соли 2015» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи байналмилалии тиллоии «Qualitu Summit» гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Ню-Йорк-и ИМА, ки дар он намояндагони 72 ширкати ҷаҳонӣ иштирок доштанд,  доир шуд.

***

Соли 2020 дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҳиндустон 45  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар он кишвар дар монда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд.

***

27 майи соли 2022 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар шаҳри Тошканд сазовори 9 медал гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1997 дар Париж санади асосии муносиботи дуҷонибаи Федератсияи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

***

Соли 1999 Суди Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

***

 Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Май 27, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад