ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?

Май 16, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мешавад. Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар пойтахт чорабиниҳои оммавии варзишӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони сафоратхонаҳо, кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо гузаронида мешаванд.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, 50-52 фоизи саломатии инсон  аз тарзи ҳаёт муайян шуда, танҳо 10-15 фоиз аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо инсон дар як рӯз ҳадди ақалл бояд 30-60 дақиқа фаъолияти ҷисмонии муътадил (масалан, пиёдагардӣ, давидан, шиноварӣ) анҷом диҳад. Инчунин дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд ба варзиш машғул шуд.

Инчунин ба таври доимӣ ба варзиши бадан машғул шудан бактерияҳоро ба воситаи роҳҳои нафаскашӣ берун месозад ва инчунин баданро аз ангезаҳои бегона ҳифз намуда, бо бемориҳо мубориза мебарад. Фаъолияти ҷисмонӣ ба баланд шудани сатҳи дарозумрии одамон мусоидат мекунад. Дар як ҳафта 7 соат машғул шудан ба варзиш 40 фоиз хатари марги бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Он инчунин хавфи баъзе намудҳои бемории саратонро кам мекунад. Таҳқиқот исбот кардаанд, ки варзиш метавонад шамолхӯрии роҳҳои нафаскаширо дар бадани одамони гирифтори бемории диққи нафас паст намояд.

Мақсад аз ташкили марафон низ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа мебошад. Он василаи пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон аст.

Давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғул мешаванд, чусту чолок ва ҷасуру моҳир мегарданд.

Ба тавсияи табибон, давидан ба пешгирии лахташавии хун дар рагҳои хунгард мусоидат намуда, гардиши онро дар бадани инсон мураттаб месозад.

Давидан навъи маъмулу муносиби машқҳои ҷисмонӣ аст, ки ба андешаи олимон, ба дарозумрии инсон таъсири назаррас дорад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки давидан дар як рӯз аз 5 то 10 дақиқа бо суръати муътадил метавонад хатари марг аз сактаи дил, инсулт ва дигар бемориҳои маъмулро коҳиш диҳад.

Давидан кори мушакҳоро беҳтар намуда, буғумҳо ва устухонҳоро мустаҳкам мекунад, ба шарте, ки ҳангоми давидан пойафзол хуб бошад. Ин намуди варзиш хотираро низ беҳтар карда, системаи иммуниро мустаҳкам мегардонад. Давидан беҳтарин варзиш барои кам кардани вазн мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 16, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд