ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
ДУШАНБЕ, 03.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, неъмати бебаҳо ва омили асосии ташаккули тамаддуни инсонӣ аз қадим то имрӯз аҳамияти бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дорад, зеро бе мавҷудияти он на танҳо зиндагии инсон, балки рушди устувори тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ғайриимкон мебошад. Маҳз ҳамин зарурат ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки масъалаи ҳифз, истифодаи оқилона ва идоракунии захираҳои обро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалӣ табдил диҳад.
— Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори байналмилалӣ дар заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва ҳалли масоили байналмилалӣ пайваста роҳу воситаи мувофиқ пешниҳод менамоянд. Дар ин робита иқдоми Сарвари давлат барои ҳамкории дастҷамъонаи кишварҳои олам дар масоили обу иқлим муҳим ва равшан арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавонист бо таҳия ва пешниҳодҳои аҳамиятнок дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳамин аст, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро қабул намуд. Дар лоиҳаи ин қатънома метавон ташаббускории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди эълон шудани «Соли 2003-Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» махсус таъкид намуд. Он эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф ва ташаббускор дар ин самт муаррифӣ менамояд.
Ин давра бо тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ ва афзоиши талабот ба об тавсиф мешавад. Масъалаи таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва беҳдошт ба яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, зеро миллионҳо нафар дар гӯшаву канори олам ҳанӯз ҳам аз норасоии оби нӯшокии бехатар ва шароити санитарӣ ранҷ мебаранд, ки ин ҳолат ба саломатӣ, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Амалисозии барномаи манбаъҳои обӣ барои Рушди устувор ба рушди захираҳои инсонӣ ва таъмини саломатию некуаҳволии ҷомеа, рушди соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва экологӣ мусоидат менамояд.
Қабули қатънома аз он ҷиҳат зарур аст, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ эҳсос мешавад. Баландшавии ҳарорати ҳаво боиси кам гардидан ва аз байн рафтани захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо гардидааст. Даҳсолаҳои охир обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ба назар расида, масоҳати бузургтарин пиряхҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омад. Мақсади асосии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат ба хотири расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об барои густариши ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳаи об кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, аз лиҳози ҷуғрофӣ ва табиӣ имконияти бузурги таъмини оби тоза ва рушди гидроэнергетикаро доро мебошад, аммо дар баробари ин, мамлакат масъулияти бузургеро низ дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи ин сарвати нодир бар дӯш дорад, зеро об на танҳо барои худи кишвар, балки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Маҳз бо дарки амиқи аҳамияти об ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир якчанд ташаббуси муҳимро дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, ба барномаҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтанд ва ин ташаббусҳо Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар дипломатияи об табдил додаанд.
Ҳамин аст, ки саҳми Тоҷикистон дар пешгирии оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳим ҳисобида мешавад. Тоҷикистон дар асоси арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи 98 фоизи истеҳсоли энергияи «сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш давлати пешсафи сайёра дохил гардида, бо истеҳсоли ин намуди энергия имконияти ба атмосфера кам партофт шудани газҳои гулхонавиро дорад. Масалан, истифодаи нақлиёти «сабз» дар шаҳри Душанбе далели гуфтаҳои боло мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ зарурати таъмини дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, ҳифзи экосистемаҳои об, идоракунии муштараки захираҳои об ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳамеша таъкид мекунанд: «Мо талошҳои худро барои гузаштан ба иқтисоди «сабз» дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад».
Дар замони муосир масъалаҳои экологӣ ва ҳифзи табиат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсат, иқтисодиёт, тафаккури ҷамъиятии мардум, саломатии аҳолӣ ва пешрафти давлату давлатдорӣ маҳсуб мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» чунин таъкид доштанд: «Боиси қаноатмандист, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар доираи «Раванди оби Душанбе» дар давоми ду даҳсола кишварҳои аъзои Созмони Милал ва ниҳодҳои он, сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ва молиявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи мушкилоти глобалии об ва дарёфти роҳҳои ҳалли он муттаҳид месозанд».
«Раванди оби Душанбе» ҳамчун майдони муколамаи васеъ ва озоди ҷонибҳои гуногуни манфиатдор барои омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе нақши муҳим дорад.
Сармоягузорӣ дар соҳаи об, хусусан барои рушди инфрасохтори обӣ яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад. Қабули қатънома ба ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об мусоидат намуда, дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳонӣ мегардад.
Бо саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 1993 дар якҷоягӣ бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал таъсис дода шуд. Соли 2002 бо мақсади ҳалли қазияи марбут ба об ва масоили экологии баҳри Арал дар шаҳри Душанбе ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раисии Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал аз соли 2002 то соли 2008 ба уҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Бо дарки баланди муҳиммият ва нақши асосии об ҳамчун манбаи ҳаёт Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои хирадмандона ва дурандешонаро дар соҳаи обу иқлим аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд. Масалан, моҳи октябри соли 1999 Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза равона гардад ва соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори махсус қабул кард.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологӣ дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазо мегузорад.
Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик дар самти амалӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об, ки саҳми арзандаи Пешвои миллат ба назар мерасад, аз он пайваста пайравӣ менамоянд. Мардуми Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об, ки дар ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, ҷонибдории худро баён медоранд.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 марҳилаи муҳим дар роҳи ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ба ҳисоб рафта, нақши Пешвои миллат дар пешбурди ин ташаббусҳо ниҳоят назаррас мебошад. Сарвари давлат бо пешниҳодҳои созанда ва сиёсати дурандешона тавонистанд масъалаи обро ба яке аз самтҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил диҳанд.
Самариддин НИЗОМОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
Шаҳриёр БАДАЛОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пудина барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БЕНАЗИР АСТ. Ва ё вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон нест
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Тоҷикистони муосир ва давлатдории навин
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
ҲАМЕША БО ВАТАН БУДАМ. Ба зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ, Каҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 115 сол пур мешавад
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Баргузории фестивал-озмун ба баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ мусоидат менамояд






