ТАЪСИСИ 5 ҲАЗОР ҶОЙҲОИ НАВИ КОР. Дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 2-3 соли оянда, яъне то соли 2029, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 4 корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурра ва барзиёд таъмин намудани талаботи бозори кишвар бо сементи истеҳсоли ватанӣ ба сохторҳои дахлдор супориш доданд.
Бо ин иқтидор ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон як баробари дигар афзун гардида, боиси пурра ва барзиёд таъмин шудани бозори дохилӣ бо сементи хушсифат ва бо нархҳои дастрас мегардад. Дар ин корхонаҳо наздики 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 майи соли равон баргузор шуд, вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад. Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






