ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд

Май 8, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Руфтоб» Созишномаи сармоягузорӣ оид ба лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо ва истифодабарандагони дигари энергия бо панелҳои офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори умумии 2000 Мвт ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи амалисозии лоиҳа, иқтидори иловагии энергетикӣ дар ҳаҷми 2000 МВт бунёд гардида, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ ба 3,5 миллиард кВт.соат мерасад. Ҳамчунин зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис гардида, дар ҳаҷми то 1 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим ҷалб мегардад. Бо амалишавии ин лоиҳа партовҳои газҳои гулхонаӣ коҳиш ёфта, вазъи экологӣ беҳтар мегардад.

Татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳо мустақилона бо нерӯи барқ таъмин гардида, барзиёдии истеҳсол ба шабака интиқол дода шавад. Ин иқдом ба кам намудани сарбории шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи энергия ва афзоиши иқтидори содиротии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи созишнома, на камтар аз 80 фоизи кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида, барои омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Амалишавии лоиҳа ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва «Стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040» мутобиқ буда, ба истифодаи манбаъҳои гуногуни энергия, рушди энергетикаи «сабз» ва коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои воридотӣ равона шудааст.

Лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди энергетикаи «сабз», ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ, таъмини истифодаи самараноки неруи офтоб, ташкили механизми устувори ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи офтобӣ ва фароҳам овардани шароити устувори иқтисодӣ равона гардидааст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд