Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон

Май 28, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар пешниҳод ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон марҳила ва уфуқи тозае дар муаррифӣ ва шинохти дастовардҳои ҷумҳурии озоду соҳибихтиёр эътироф кард. Дар онҳо хиради бисёрасраи мардуми мутамаддини тоҷик ҷилвагар аст. Ҳанӯз ҳазор сол пеш бо дарки ҳаводиси рӯзгор Носири Хусрав андозаи маънавиёт ва иртиботро бо ҷомеаи инсонӣ бозгӯ намуда буд:

Паймонаи чархро се ном аст,
Маъруф ба имрӯзу дию фардо.

Дар ташаббуси навбатӣ се андоза, ки хеле муҳим менамоянд, моя ва гавҳари дурахшонанд, дар таҷаллии нуру дониши фарзандони фарҳехта, аз ҷумла нобиға Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, ки аз дирӯз расида ва тамоми оламро асрҳо рушанӣ ва моҳият бахшидаанд. Дар ин шабу рӯз асбоби сарбаландӣ ва собиткунандаи гузаштаи дороманд будаанд ва кафили фардои дурахшонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз медоранд, ки Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино – фарзанди модари тоҷик, олими энсиклопедист, ки бештар осори ба илми тиб бахшидааш  дар тамаддуни ҷаҳонӣ беназир аст, асрҳост эҷодаш мансуб ба ҷомеаи умумибашарист. Ибтидо аз асри ХV дар кишварҳои Шарқ ва Аврупо кашфиёти донишманди беназир рӯйи мизи бештари олимони соҳаҳои гуногун қарор дошт ва дар  замони фановарӣ ва фардо низ арзиши он боқӣ хоҳад монд. Дар ин раванд шояд даҳҳо ҳазор ба василаи кашфиёти Ибни Сино аз марг раҳида, фарзияҳои ӯ муҷиби ихтирооти тоза ва судманд барои ҷомеаи инсонӣ гардида, шоистаи арҷгузории сокинони солимандеши ҳама давру замонҳо мебошад.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху осори пурғановати миллат эҳтирому арҷи беандоза гузошта, барои эҳё, шинохт ва муаррифии онҳо тамоми саъю талоши хешро дареғ надоштаанд. Махсусан, дар таҳқиқи шинохт аз шахсияти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар китоби арзишманди хеш «Чеҳраҳои мондагор» ҳамчун ворис муроҷиат намуда, бо самимияти вижа иброз медоранд, ки «Ибни Сино на танҳо олим ва файласуфи бузурги ҷаҳон, балки ҳамчунин яке аз барҷастатарин чеҳраҳои таърихи табобат дар ҳама давронҳост. Асари муҳимтарини дар ин бахш таълифнамудааш «Қонун»-и ӯст, ки китоби аввали онро дар 30-солагӣ навиштааст. Бояд гуфт, ки пеш аз Ибни Сино дар Шарқ ду китоби арзишманди тиббӣ машҳур буданд, ки аввалӣ ба Закариёи Розӣ ва дуюмӣ ба Алӣ ибни Аббосии Маҷусӣ тааллуқ доштанд. Лекин «Қонун»-и Сино бо ҳалли масъалаҳои сода ва мушкили тиббӣ тавонистааст, ки ҳамаи китобҳои пешин ва баъд аз ӯро дар сояи худ нигоҳ дорад. Масалан, Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола»-аш ба «Ал-Қонун»-и Ибни Сино чунин баҳо додааст: «Агар Буқрот ва Ҷолинус зинда шаванд, раво бувад, ки пеши он китоб саҷда кунанд».

Албатта, ин андешаҳо аз аҳаммияти илмии сатҳи ҷаҳонӣ доштани осори Ибни Сино гувоҳанд ва барои тасдиқи воқеии донишманди тавонои дунё эътироф шудани ӯ далели раднопазир мебошанд. Чунин муҳиммияти баланди имлӣ ва нақши калидии “Қонун”-и Сино дар самти муолиҷаи намудҳои гуногуни бемориҳо буд, ки баъд аз ихтирои дастгоҳи чопкунӣ аз ҷониби ихтироъкори олмонӣ дуюмин китоби нусхашуда ба ҳисоб меравад.

Ҳамчун ворисони арзанда зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар кишвар ба  соҳаи тандурустӣ, ки  яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Барои рушду тақвияти ҳамаҷонибаи он тамоми имконот ва саъю талош равона мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва асосҳои қонунгузории он пурра инкишоф ёфта, то ба сатҳи санадҳои кодификатсионӣ оварда расонида шудаанд. Дар ин замина, ба масъалаҳои рушди илмҳои тиб ва дурнамои он диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Тараққиёти ҳар соҳа ба пешрафти илм ва натиҷаҳои татбиқшавандагии амалиявии он бастагии амиқро соҳиб аст. Албатта, соҳаи тиб аз аҳди қадим то замони муосир аз манфиат холӣ нест, зеро ба тақдири инсоният ва саломатии он алоқамандии зич дорад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди баруманди миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон, инчунин ҷиҳати эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 «Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» таъсис дода шуд.

Аҳаммияти таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ифодаи худро дар он меёбад, ки мантиқан ба густариши сиёсати давлатии соҳа мусоидат намуда, ба эҳёи арзишҳои миллӣ, хотираи неки ниёгон, бори дигар аз худ намудани шуҳрат ва шахсияти олим ва мутафаккири тоҷик – Ибни Сино нигаронида шуда, пайванди маънавии гузаштаро бо имрӯз инъикос мекунад.

Бешубҳа, агар иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба шахсият ва осори Абӯалӣ ибни Сино аз сиёсати хирадмандона ва илммеҳварона дарак диҳад, пас ин раванд хатм бахшидан ба баҳсу мунозираҳо дар атрофи шахсияти  мутафаккири барҷастаи тоҷик дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Зеро дар шароити таърихсозии миллатҳо, ки дар маркази консепсияи он таъриху фарҳанг нақши асосӣ доранд, аз худ намудани шахсиятҳои таърихӣ ва машҳури сатҳи ҷаҳонӣ ба анъанаи маъмул табдил ёфтааст.

Махсусан, солҳои охир ҷаҳони муосир ба мушкилоти зиёди паҳншавии ҳар гуна вирусҳо (Эбола, COVID-19, Хантавирус ва ғ.), пандемия, бемориҳои музмин ва табобаташон душвор рӯ ба рӯ аст. Таъсиси чунин ҷоиза метавонад ба тақвияти тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи тиб мусоидати амиқ намояд.

Дар шарҳи фармони мазкур дарҷ гардидааст, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва дар рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Бояд иброз намуд, ки ташаббуси шоистаи Пешвои миллат дар хусуси таъсиси ҷоизаи сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидааст. То ба ҳол гиреҳи баъзе аз мушкилот ва бемориҳои соҳаи тиб нокушода боқӣ мемонад, ки дар пайи мубтало шудан ба ин бемориҳо ҳазорон одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бар замми ин, дар шароити афзоиши хатару таҳдидҳо, тараққиёти илму техника, таҳаввулот ва равандҳои мураккаби давраи охир намудҳои нави бемориҳои вирусӣ пайдо гардида истодаанд. Ин ҳолат, албатта, дар пешорӯйи ҳар яке аз муҳаққиқин ва хосса олимони соҳаи тиб қарор мегирад, то ин ки барои ҳалли ин мушкилот ва пайдо намудани роҳҳои муассири табобати чунин бемориҳо пайваста таҳқиқоти илмӣ баранд. Таъсиси ҷоиза бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бузург мегузорад.

Доираи шахсоне, ки барандаи ҷоизаи мазкур мегарданд, албатта, фарох буда, барои ба даст овардани он ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ нагардидааст. Аммо шарт ва талаботи муҳим дар кашфиёт ва дастоварде ифода меёбад, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ муҳим арзёбӣ гардад. Тавре ки дар шарҳи ҳамин фармон дарҷ шудааст: «Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд».

Ин аз як ҷиҳат ба он рабт дорад, ки тамоми осори Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб на танҳо барои марзҳои муайян, балки барои тамоми башарият ҳамчун роҳнамо ва мушкилкушои соҳа ҷиҳати дарёфт ва табобати навъҳои гуногуни бемориҳо хизмат намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, дастоварду кашфиёте, ки барои рушди илми тиб барои дарёфти ҷоиза пешкаш мегардад, бояд ҳатман ба ҳамон хусусият ва аҳаммияти осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ тавъам бошад, яъне ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ бошад.

Аз ҷониби Пешвои миллат таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун иқдоми беназир дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик арзёбӣ гардида, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.

Таъсиси ҷоизаи ба номи ин алломаи безаволи шуҳратёри тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ дар пешорӯйи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯйи кор омад ва он метавонад дар ояндаи наздик баробар ба ҷоизаи Нобел гардад.Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз медоранд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст».

 

Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз медоранд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст».

Зимнан, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино идомаи мантиқии қадршиносии нобиғаи олами илму дониш маҳсуб шуда, дар таҳрики кашфиёти тоза барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ нақши муассир мегузорад ва чун дигар иқдомҳои сатҳи глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бо иттифоқи оро якдилона ҷонибдорӣ меёбад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Май 28, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад