Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ёрдамчии махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои обу иқлим Руслан Эделгериев вохӯрӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои обуҳавошиносӣ, мубодилаи таҷриба оид ба мониторинги пиряхҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин масъалаҳои омодасозии кадрҳо дар самти обуҳавошиносӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва иштироки мутахассисони Тоҷикистон дар экспедитсияҳои арктикӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон 26 май вохӯрии Баҳодур Шерализода бо директори департаменти масъалаҳои об ва замини Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Лифенг Ли баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд.
Ҳамсуҳбатон аз сатҳи ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки имконият барои ҷалби бештари маблағгузории иқлимӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ҳанӯз фаровон мебошанд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва ҳамкории судманд ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид






