ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем

Май 18, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба фарорасии давраи таътили тобистона  рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Машғулияти таълимӣ барои синфҳои ибтидоӣ (2-4) 29 май, барои синфҳои 5-11 30 май ба анҷом мерасад. Дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулият 22 майи соли 2026, новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом мерасанд. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июни соли 2026, аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9 аз 2 то 15 июни соли 2026 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 аз 2 то 20 июн гузаронида мешаванд.

Донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутаносибан то 5 июл пурра ба таътили тобистона мебароянд. Савол ба миён меояд, ки барои бофароғат ва самаранок гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида мешаванд? Падару модарон барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон бояд чӣ гуна тадбир андешанд?

Вазорати маориф ва илми мамлакат рӯйхати адабиёти бадеиро ба хонандагон тавсия додааст, ки дар таътили тобистона хонандагон метавонанд мутолиа намоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуда, хонандагон дар онҳо ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва дигар озмунҳо ҷалб карда мешаванд.

Таътил дар истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ

     Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Хуршед Мавлонов иброз дошт, яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти таътили тобистона- ин истироҳатгоҳҳои таълимӣ ва фароғатӣ мебошанд. Ин истироҳатгоҳҳо, ки дар муҳити табиии сабзу хуррам ва дур аз шаҳрҳо ҷойгир шудаанд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулияти таълимӣ ва варзишӣ низ фароҳам меоранд. Хонандагон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо таҷриба намоянд.

Муассисаҳои таълимии назди мактабҳо низ дар давраи тобистон ҳамчун истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ фаъолият мебаранд. Дар ин ҷойҳо хонандагон пас аз машғулияти таълимӣ ба бозиҳо, расмкашӣ, ҳунарҳои дастӣ ва даврҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Инчунин дар назди баъзе мактабҳо «Гӯшаҳои эҷодӣ» ташкил карда мешаванд, ки хонандагон метавонанд дар он ҷо истеъдоди худро нишон диҳанд.

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ – макони рушди эҷод ва малакаҳо

              Инчунин марказҳои таҳсилоти иловагӣ, ки асосан дар доираи «Марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон» фаъолият мебаранд, барои рушди малакаи эҷодӣ ва илмии хонандагон имконияти фаровон фароҳам меоранд. Дар ин марказҳо хонандагон метавонанд ба омӯзиши технологияҳои нав, ҳунарҳои бадеӣ, расмкашӣ, робототехника, моделсозӣ ва дигар фанҳои эҷодӣ машғул шаванд.

Аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо мақсади ҳадафнок гузаронидани давраи таътил зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла русию англисӣ, олмонию чинӣ ва фаронсавӣ амал менамоянд. Инчунин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.

Дар марказҳои эҷодӣ, маҳфилҳо ва даврҳои омӯзишӣ барои рушди истеъдодҳои кӯдакон гузаронида мешаванд. Чунин фаъолият на танҳо малакаҳои эҷодиро инкишоф медиҳад, балки ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки қобилияти мустақилона фикр кардан, таҳлил намудан ва ҳалли масъалаҳои мураккабро омӯзанд.

Китобхонаҳо ва рушди фарҳанги китобхонӣ

           Таътили тобистона барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ имкони хуб мебошад. Дар ин давра китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо падару модарон метавонанд фарзандонро ба онҳо ҷалб намоянд. То онҳо бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шуда,  онҳоро мутолиа намоянд.

Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, то хонандагон тавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.

Озмунҳои зеҳнӣ ва фаннӣ – майдони рақобати дониш

           Дар ин давра олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаҳои математика, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон истеъдоди худро нишон медиҳанд. Ин мусобиқаҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо дониши худро такмил диҳанд, балки малакаи рақобатпазирӣ ва тафаккури мантиқиашонро тавсеа бахшанд.

Озмунҳои адабӣ ва ҳунарӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи беҳтарин» ба хонандагон имконияти намоиши истеъдод ва малакаҳои зеҳниро фароҳам меоранд. Ин чорабиниҳо на танҳо ба рушди шахсият, балки ба баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва худомӯзӣ мусоидат менамоянд.

Варзиш ва машғулияти солимгардонӣ-калиди тандурустӣ

       Падару модарон бояд хуб дар хотир дошта бошанд, ки варзиш дар давраи таътили тобистона на танҳо василаи солимгардонӣ, балки имконияти бузург барои рушди ҷисмонӣ ва ҳамкории дастҷамъона мебошад. Аз ин хотир фарзандонро ба мактабҳо,  марказҳои варзишӣ, машғулияти варзишӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳои солимгардонӣ ҷалб намоянд.

Машғулияти варзишӣ, ба мисли футбол, волейбол, теннис, баскетбол ва шоҳмот на танҳо ба беҳтар шудани солимӣ, балки ба таҳкими ирода, ҳамкории гурӯҳӣ ва эҳтироми якдигар кумак мерасонанд. Шиноварӣ ва гимнастика дар ҳавзҳои варзишӣ ва толорҳои махсус барои такмили малакаҳои ҷисмонӣ хеле муфид мебошанд.

Сафари омӯзишӣ, сайёҳӣ ва тамошои театр ва музейҳо

Сайёҳат ва тамошои театрҳо ҳамроҳи падару модар барои кӯдак на танҳо воситаи вақтхушӣ, балки унсури муҳими таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи ӯ маҳсуб мешавад. Ин гуна сафарҳо ба оила имкон медиҳанд, ки вақтро самаранок гузаронанд, ки барои мустаҳкам кардани робитаи байни волидайн ва фарзанд хеле муҳим аст. Театр ҷоест, ки кӯдак қоидаҳои рафтору гуфтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро меомӯзад ва қобилияти гӯш доданро меомӯзад.

Дар давраи таътил сафарҳои омӯзишӣ ва сайёҳӣ ба музейҳо, осорхонаҳои таърихӣ, театрҳо ва ёдгориҳои миллӣ ташкил карда мешаванд. Хонандагон метавонанд дар сафарҳои кӯтоҳмуддат бо манзараҳои зебоманзари мамлакат, аз ҷумла кӯлҳои кӯҳӣ, боғҳои табиӣ ва мамнуъгоҳҳо шинос шаванд.

Барои бофароғат гузаронидани давраи таътил аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пас волидон бояд барои васеъ шудани ҷаҳонбинии кӯдакони худ аз ин имконият истифода баранд. Дар амал татбиқ намудани ин тадбирҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак» низ дарҷ шудааст. Мақсад аз қабули қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 18, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ