ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?

Май 8, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Машғулиятҳои таълимӣ барои синфҳои ибтидоӣ (2-4) 29 май, барои синфҳои 5-11 30 май ба анҷом мерасанд. Дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо 22 майи соли 2026 новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ба анҷом мерасанд. Тибқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътили тобистона пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10 аз 2 то 10 июни соли 2026, аттестатсияи хатми хонандагони синфи 9 аз 2 то 15 июни соли 2026 ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 аз 2 то 20 июн гузаронида мешаванд.

Донишҷӯён мувофиқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат мутаносибан то 5-уми июл пурра ба таътили тобистона мебароянд.

Вазорати маориф ва илми мамлакат рӯйхати адабиёти бадеиро ба хонандагон тавсия намудааст, ки дар таътили тобистона хонандагон метавонанд мутолиа намоянд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳо ташкил карда шуда, хонандагон дар онҳо ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, мусобиқаҳои шеърхонӣ ва дигар озмунҳо ҷалб мешаванд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, омӯзгорон дар таътили тобистона ба рухсатии меҳнатӣ мебароянд. Қисме аз омӯзгорон, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунанд, бо онҳо машқу тамрин менамоянд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Хуршед Мавлонов иброз дошт, ки маҳз ба хотири истифодаи самараноки таътил дар саросари мамлакат чорабиниҳои омӯзишӣ, фароғатӣ ва эҷодӣ ташкил карда мешаванд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи хонандагон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар таътили тобистона дар муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ баргузории якчанд барномаи таълимию тарбиявӣ пешбинӣ гардидааст.

-Дар айни замон дар назди Вазорати маориф ва илм Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд, ки тибқи нақша байни хонандагон барномаҳои гуногун мегузаронад. Инчунин дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ба нақша гирифта шудааст,- афзуд Хуршед Мавлонов .

Бояд иброз намуд, ки таътили тобистона барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ имкони хуб мебошад. Дар ин давра китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо хонандагон метавонанд бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шаванд ва онҳоро мутолиа намоянд.

Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, ки хонандагон метавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар ин давра олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаҳои математика, физика, химия ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон истеъдоди худро нишон медиҳанд. Ин мусобиқаҳо ба онҳо имконият медиҳанд, ки на танҳо дониши худро такмил диҳанд, балки малакаи рақобатпазирӣ ва тафаккури мантиқиашонро тавсеа бахшанд.

Озмунҳои адабӣ ва ҳунарӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм–фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи беҳтарин» ба хонандагон имконияти намоиши истеъдод ва малакаҳои зеҳниро фароҳам меоранд. Ин чорабиниҳо на танҳо ба рушди шахсият, балки ба баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва худомӯзӣ мусоидат менамоянд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили тобистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд фарзандонашон вақти бештари худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.

Зеро ҳар лаҳзаи вақти хонандагон пурарзиш буда, бояд ҳамчун ҷавонони худшиносу худогоҳ тарбия ёбанд, ки дар ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад.

Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намоянд, ки мақсад аз қабули қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Қонун тақозои замон буда, ба таълиму тарбияи комил, таҳкими сармояи зеҳнӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд нигаронида шудааст.

Яке аз бузургтарин вазифаи волидайн — ин таълиму тарбияи неки фарзанд мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «бачае, ки дар оилаи хуб тарбия меёбад, чун инсони комил ба воя мерасад». Пас, тарбияи дурусти фарзанд аз оила сарчашма мегирад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо пайваста таъкид менамоянд, ки «мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан аз он ибтидо мегирад. Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос намоянд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад