ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ё хизматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои охир вобаста ба лоиҳаи озмоишии андозбандии рақамии соҳибкорони инфиродӣ дар ҷомеа саволҳо ва бардоштҳои гуногун пайдо шудаанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии нофаҳмиҳо ба шаҳрвандон ва соҳибкорон расман тавзеҳ медиҳад, ки ин лоиҳа ба андозбандии интиқоли маблағ байни шаҳрвандон равона нашудааст.
Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ё хизматрасониҳои рақамӣ мавриди андозбандӣ қарор намегирад.
Ҳадафи асосии лоиҳа дастгирии соҳибкории хурд, рушди иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани низоми муосиру шаффофи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Лоиҳа танҳо ба ҳолатҳое дахл дорад, ки шахс ба фаъолияти доимии соҳибкорӣ машғул буда, аммо расман ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта нашудааст.
Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ якчанд имконияту сабукиҳои нав барои соҳибкорон пешбинӣ гардидаанд, ки ба беҳтар шудани муҳити соҳибкорӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла:
— меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% коҳиш дода мешавад;
— ҳисоб ва пардохти андоз ба таври худкор анҷом дода мешавад;
— ҳисоботи андозӣ ба шакли автоматикӣ омода мегарданд;
— шумораи санҷишҳо ва расмиёти зиёдатӣ кам карда мешавад;
— бақайдгирии соҳибкорӣ сода ва дастрас мегардад;
— истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ васеъ карда мешавад.
Яке аз бартариҳои муҳими лоиҳа ҷорӣ намудани низоми «кешбэк андоз» мебошад. Дар ҳолати анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба харидор 1 фоиз маблағ дар шакли кешбэк баргардонида мешавад. Ин тадбир ҳам барои шаҳрвандон манфиатовар буда, ҳам ба рушди иқтисоди шаффоф ва муосир мусоидат мекунад.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа барои соҳибкорони инфиродӣ маҳдудияти қатъии гардиши маблағ ва талаботи ҳатмии гузариш ба шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ карда нашудааст. Ин имконият медиҳад, ки соҳибкорони хурд фаъолияти худро бе мушкилӣ рушд диҳанд, хизматрасониҳоро васеъ намоянд ва ҷойи нави кор таъсис диҳанд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъкид менамояд, ки ҳадафи асосии ин ташаббус дастгирии соҳибкорон, содагардонии муносибатҳои андозӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат мебошад.
Рақамикунонӣ қадами муҳим ба сӯи иқтисоди шаффоф, хизматрасонии муосир ва рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






