«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии имсола 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок менамоянд. Озмун аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар доираи ду равия — фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор мегардад.
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади муайян намудани донишҳои энсиклопедии фаннӣ, такмили роҳу усулҳои таълим, рушди фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди илмию зеҳнӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор мешавад.
Доир намудани олимпиада дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва устувор гардидани аҳду паймони рафоқат байни донишҷӯён мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият мебахшад.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа мебошад. Зеро дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳамсозии шароити муосири таълиму тарбия, рушди тафаккури илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос заминаи устувор гузошта шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд






