«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони нахустин Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа–«Telecom Awards Tajikistan 2025» баргузор шуд. Ғолибон аз рӯйи 16 номинатсия муайян карда шуда, қадрдонӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни баҳогузорӣ сатҳи қаноатмандии истифодабарандагон тавассути пурсишҳои телефонии муштариён (CATI), сифати хизматрасонӣ бо усули «муштарии махфӣ» (Mystery Shopping), таҳлили суръат ва фарогирии интернет бо истифода аз маълумоти OOKLA Speedtest Intelligence, инчунин таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ аз ҷониби DMTEL мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ETSI ба эътибор гирифта шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар маросими ҷоизасупорӣ изҳор дошт, ки «рушди соҳаи телекоммуникатсия ва хизматрасониҳои рақамӣ яке аз самтҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, тавсеаи инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд».
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло баён намуд, ки «Telecom Awards Tajikistan 2025» на танҳо як маросими қадрдонӣ, балки платформаи муҳимми арзёбии шаффоф, ҳавасмандсозии ширкатҳо ва ҷорӣ намудани меъёрҳои нави хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа мебошад.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои муосир аз сатҳу сифати хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ вобастагии калон дорад. Маҳз рақобати солим метавонад ба беҳтар шудани хизматрасонӣ ва ҷорӣ гардидани навовариҳо мусоидат намояд.
Таъкид гардид, ки «Telecom Awards Tajikistan 2025» дар оянда метавонад ба яке аз платформаҳои калидии муайян намудани сатҳи рушди соҳаи алоқа, муаррифии дастовардҳои технологӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди рақамии кишвар табдил ёбад.
Ҷоиза бо мақсади муайян намудани пешсафони соҳаи телекоммуникатсия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ таъсис дода шуд. Ҳадафи лоиҳа ҷалби операторони мобилӣ, таъминкунандагони интернет, коршиносони соҳа ва истифодабарандаи мамлакат ба баҳогузории шаффофи сифати алоқа ва хизматрасониҳои рақамӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






