«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Дар Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни шаҳрӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гузаронида мешавад.
Ҳадафи озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба ин фанҳо алоқаманд мебошад.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Барномасозӣ», «Меъморӣ», «Моделсозӣ», «Радиоэлектроника», «Робототехника», «Сайёҳӣ – кишваршиносӣ» ва «Табиатшиносӣ» доир мегардад.
Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибон аз рӯйи ҳар номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар ғолиби озмун мешаванд, бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.
Озмун дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) ҷамъбаст карда мешавад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






