Тоҷикистон ҳамкориро бо БАТР дар бахши энергетика тақвият медиҳад

Май 21, 2026 13:18

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ ба хотири ҷалби шарикони хусусии сармоягузор барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва рушди неругоҳҳои офтобӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел дар Душанбе баррасӣ карда шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаи ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ва баланд бардоштани самаранокии низоми энергетикии мамлакат муҳокима гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2026 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад