Тоҷикистон лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби партовҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ намояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Татбиқи чунин тарҳ дар мамлакат дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарияти ширкати «Wangneng Environment»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби партовҳо дар шаҳри Душанбе ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, коҳиши ҳаҷми партовҳои маишӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир мусоидат мекунад. Он ҳамзамон барои таъсиси ҷойи нави кор ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ замина фароҳам меорад.
Дар анҷом мусоҳибон барои идомаи муколама бобати татбиқи лоиҳаи муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






