Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 дастрасии ҳадди ақалл 90 фоизи аҳолиро ба оби мутамарказ таъмин намояд

Май 26, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии об то соли 2040» ва «Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029» қабул гардидаанд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 май зимни суханронӣ дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, иброз намуданд.

Ба андешаи Сарвари давлати Тоҷикистон, ин санадҳо афзалияти дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.
Президенти Тоҷикистон инчунин таъкид намуданд, ки «мо ният дорем то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранок таъсис диҳем.
Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақалл барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем».

Дар ин замина таъкид шуд, ки ба ин васила дастрасии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат дода мешавад. Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳо–обро ба абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид