Тоҷикистон ва Бавария ҳамкориро дар самти таҳсилоти касбӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи июни соли 2026 барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони забони олмонӣ аз ҷониби ташкилоти «TELC» баргузор мегардад. Ин иқдом ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки сатҳи дониши забонии худро санҷида барои таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ дар Олмон имконият пайдо намоянд. Чунин иброз гардид зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва роҳбари Котиби давлатии Вазорати иқтисод, рушди минтақа ва энергетикаи музофоти Бавария Тобиас Готтхард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 50 шаҳрванде, ки аз ин имтиҳон бо натиҷаи баланд мегузаранд, моҳи августи соли равон барои идомаи таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ ба музофоти Бавария равон карда мешаванд.
Ин ташаббус қадами муҳим дар самти рушди неруи инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Инчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирати меҳнатии қонуниро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ҷалби таҷрибаи пешқадами давлатҳои пешрафта дар ин самт аҳамияти калидӣ дорад. Чунин вохӯриҳо барои густариши равобити судманди байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






